08/09/2025
Ширкати тибби-сайёхи "MMR Medical Tour" тамоми мардуми азизи Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯяд!
Истиқлолият рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафти Ватани маҳбуби мост. Мо ифтихор дорем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба саломатии ҳар як ҳамватан хизмат мерасонем ва саҳми худро дар рушду ободии кишвар мегузорем.
Ба ҳар як тоҷикистонӣ тандурустӣ, бахту саодат ва рӯзгори пур аз файзу баракат таманно дорем. Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу оромӣ, субот ва пешрафтро таҷассум намояд!
Рӯзи Истиқлолият муборак, Тоҷикистон!